АРТИКЛЬ 19 дар ин брифинг муқаррароти навро дар бораи “иттилооти бардурӯғ”, ки ба қарибӣ дар Тоҷикистон қабул шудааст ва мувофиқати онҳоро ба стандартҳои байналмилалии озодии баён шарҳ медиҳад.
Тоҷикистон ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моҳи июни соли 2020 тағйирот қабул карда, муқаррароти нав ворид намуд. Он моддаи 374, қисми 1 аст, ки паҳн кардани маълумоти бардурӯғро манъ мекунад. Аз ҷумла, дар ин модда барои ду амал ҷазо пешбинӣ шудааст:
- Амдан паҳн кардани иттилооти бардурӯғ бо истифода аз васоити ахбори омма, интернет ё дигар шабакаҳои телекоммуникатсионӣ дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои барои одамон хатарнок ё дар амалисозии чораҳои маҳдудкунандаи карантинӣ; ва
- Паҳн кардани иттилооти ба ҳақиқат мувофиқатнакунанда дар бораи усулу роҳҳои муҳофизат ва дигар чораҳое, ки барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳолатҳои мазкур пешбинӣ шудаанд. Ҷазоҳо аз ҷаримаҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ҳабси маъмурӣ барои шахсони воқеӣ то 15 рӯз иборатанд.
Ин ислоҳот дар қонунгузорӣ, ки дар заминаи пандемияи COVID-19 қабул гардидааст, тибқи иттилоот, дар посух ба нашри матлабҳои рӯзноманигорон, блогерҳо ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи ҳолатҳои сирояти COVID-19 ва тақсимоти ноодилонаи кӯмакҳои башардӯстона дар кишвар қабул шудааст. Он боиси зуҳури як қатор мушкилот дар ҷомеаи шаҳрвандӣ ва расонаҳо гардид, ки хавфи суйистифодаи қонун алайҳи расонаҳои мустақил ва дигарандешонро ба миён меоварад (инакомыслия[1]). Муқаррароти дахлдор бидуни машварати ошкоро ва дастрасии мардум қабул карда шуданд. Нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз таъсири эҳтимолии манфӣ ба озодии баён ва озодии ВАО аз ҷониби мақомот нодида гирифта шуданд.
То лаҳзаи нашри ин таҳлил маълум нест, ки муқаррароти моддаи 374 қисми 1 дар амал чӣ гуна татбиқ шудаанд. Сарфи назар аз ин ҳолат, АРТИКЛИ 19 таҳлили муқаррароти дахлдорро аз нуқтаи назари таъсире, ки қабули онҳо метавонад ба соҳаи ВАО дар Тоҷикистон расонад ва он таъсири манфие, ки онҳо ба ВАО ва овозҳои интиқодӣ дар ҷомеа расонида метавонанд, муҳим мешуморад.
АРТИКЛИ 19 ин ислоҳотро бо назардошти кори доимияш дар самти озодии баён ва иттилоот дар 20 соли охир дар минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон, бо камоли майл шарҳ медиҳад. Кори мо дар кишвар ба тарғиби озодии баён, озодии васоити ахбори омма ва дастрасӣ ба иттилоот тавассути барномаҳо ва ташаббусҳое равона шудааст, ки аз ҷумла, баланд бардоштани иқтидори ҳуқуқшиносони соҳаи ВАО, ҳимояи рӯзноманигорон ва дастгирии адвакатсияи ватаниро фаро мегиранд.