Дар се моҳи охир COVID-19, бемории ношӣ аз оилаи нави коронавирус, дар саросари олам паҳн гардид. Интишори ин вирус бо интишори маълумоти нодуруст ва “забони адоватомез”, ки ба шахсони таборашон чиниву осиёӣ равона шуда буд, ҳамроҳ буд. Ба иллати мавҷудияти ин вирус озодии баён низ таҳти таъсир қарор гирифтааст, зеро баъзе кишварҳо барои расидагӣ ба ин мавзуъ ва контроли гуфтовардҳо нисбат ба буҳрон аз сензура, ба маҳбас кашиданҳо ва қонунҳои саркубкунанада истифода мекунанд.
Дар моҳи феврал Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) дар мавриди “инфодемия”, ки тавассути мавҷҳои иттилооти ғалат ва гумроҳкунанда оид ба COVID-19 буруз карданд, изҳори нигаронӣ намуда буд. Хабарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки доруҳои дуруғинро оид ба вирус талқин мекунад, назарияҳои тавтеаи (иғвоангези) бузург ва иттилооти нодуруст дар мавриди паҳншавии вирус нисбат ба хабарҳо аз манбаҳои муътамад бештар хонда ва дида мешаванд. Гоҳо чунин иттилооти нодуруст дар гузоришҳои расонаҳои сунатӣ ҳам садо медиҳад. Дар аксар ҳолатҳо иттилооти ғалат таваҷҷуҳи сиёсатмардонро ба худ ҷазб мекунад, эҳсоси нобовариро нисбат ба ҳукумат бедор мекунад ва тухми сардаргумиро миёни мардум мекорад.
Авҷ гирифтани COVID-19 ҳамчунин боиси тарс, зуҳури табъиз ва таҳамулнопазирӣ дар бисёр қисматҳои ҷаҳон шуд. Шахсон ва ҷомеаҳои алоҳидае, ки “забони адоват” онҳоро зери ҳадаф мегирад, аз он дар хавотиранд, ки дунболи (пайи) суханони нафратомез метавонад ҳолатҳои табъиз ва зуроварӣ сурат бигиранд
Дар талошҳои худ барои ҳалли ин мушкилот давлатҳо гоҳо равишҳои сахт ва бесамареро пеша мекунанд. Талоши Чин барои пушонидани хабарҳои оммавӣ оид ба хуруҷи COVID-19, барои андешидани тадбирҳои нахустин алайҳи беморӣ таъсири манфӣ гузоштанд. Ҳукуматҳои кишварҳои Осиёи ҷанубӣ-шарқӣ ба қонунҳои саркубкунанда такя намуда, паҳнкунандагони эҳтимоли итилооти нодурустро оид ба COVID-19 ба маҳбас кашиданд ва мутаҳҳам намуданд. Ҳукумати Эрон он корбарони шабакҳои иҷтимоиро, ки дар бораи коронавирус маълумот интишор мекарданд, ба додгоҳ мекашид ва ҳамзамон аз додани иттилоот оид ба авҷи вирус хомушӣ ихтиёр мекард.
Рӯзноманигории мустақил, гузоришҳои шаҳрвандӣ, баҳсу гуфтугуи озод ва маҷрои озоди иттилоот барои муборизаи ҷаҳонии муваффақ алайҳи COVID-19 заруранд. Ҳукуматҳо бояд сиёсатҳо ва иқдомотеро нисбат ба хуруҷи беморӣ таҳия кунанд, ки аз озодии баён ва дастрасӣ ба иттилот пуштибонӣ мекунанд. Муносибат ба интишори маълумоти беэътимод ва “забони адоват”, ки бар сензура ва муҷозот асос меёбад, бояд ба равишҳое иваз шаванд, ки ба шафоффият ва озодии ВАО такя мекунанд.
ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчунин бояд дар мубориза бо интишори маълумоти нодуруст ва “забони адоват”-и марбут ба буҳрони COVID-19 мусоидат намоянд. Рӯзноманигорон маълумотро бояд дақиқ,беғаразона пахш кунанд, чорабиниҳои ташвиқотӣ ва ҳолатҳои табъизи расмиро таҳқиқ кунанд. Ҳамчунин бояд ба мавҷудияти ҳуқуқи барқарорсозии адолат ва нашри радияҳо мутақоид буд. Шабакҳои иҷтимоӣ бояд ҳамкориро бо СУТ ва мақомоти тандурустӣ ба хотири таъмини интишори маълумоти дақиқ ва муътамад оид ба COVID-19 идома диҳанд. Ҳамчунин бояд кафолат диҳанд, ки амалҳои зидди интишори маълумоти беътимод ва “забони адоват” равонашуда, дар асоси меъёрҳои дақиқ ва фаҳмо бунёд шудаанд ва бо қоидаҳои лозима тақвият меёбанд.